Мақолаҳои муфид / Tj

Қарзҳо без фоиз: Чӣ гуна бонкдории исломӣ дар Русия ҷорӣ карда мешавад?

Бонкдории исломӣ аз моҳи сентябри соли 2023 дар қаламрави Доғистон, Ҷумҳурии Чеченистон, Башкортостан ва Тотористон рушди иловагӣ пайдо кард. "РБК Инвестиция"-дастурҳоро аз рӯи принсипҳо ва воситаҳо тартиб додаст.

Чӣ гуна бонки исломӣ дар Русия ҷорӣ карда мешавад?

Санҷиши дусола оид ба рушди бонкдории исломӣ дар Русия аз 1 сентябри соли 2023 дар қаламрави Доғистон, Ҷумҳурии Чеченистон, Башкортостан ва Тотористон оғоз ефт. Қонун дар бораи танзими махсуси маблағгузории шарикӣ дар субъектҳои алоҳида 4 август аз ҷониби президенти Русия Владимир Путин имзо карда шуд.

Меъери нави ҳуқуқӣ татбиқи принсипҳои бонкдории исломиро дар ташкилотҳои молиявӣ имконпазир месозад, ки фаъолияти худро тибқи меъерҳои ислом ба роҳ монанд.

Хизматрасонии маблағгузории шарикиро тибқи меъерҳои шариат шахсони ҳуқуқие, ки ба феҳристи дахлдори бонки Русия дохил шудаанд ва дар ташкилоти касбии худтанзимшаванда мебошанд, пешниҳод мекунанд. Инҳо метавонанд ташкилотҳои молиявии қарзӣ ва ғайри қарзӣ бошанд (НФО). Барои иштирокчиени дигари озмоиш, масалан, ширкати хоҷагидорӣ е кооперативи истеҳсоли, ҳадди ақали сармоя муқаррар карда шудааст: аз 1 сентябри соли 2023 ҳаҷми маблағ 10 миллион рублро ташкил медиҳад ва аз 1 январи соли 2024 15 миллион рублро ташкил медиҳад.

Бонкдории исломӣ чист?

Бонкдории исломӣ ин фаъолият дар бозори молиявӣ тибқи меъерҳои шариат ва ахлоқи исломӣ мебошад. Маблағгузории исломӣ на танҳо бонкҳо, балки фондҳои исломӣ, бозори суғурта (такафул), инчунин воситаҳои маблағгузории исломӣ (сукук) - ро дар бар мегирад.

Аввалин бонкҳо, ки принсипҳои шариатро риоя мекарданд, дар солҳои 1970-ум пайдо шуданд ва худи истилоҳи "низоми молиявии исломӣ" дар миенаи солҳои 1980 — ум пайдо шуд. То соли 2021 механизмҳои маблағгузории исломӣ дар зиеда аз 136 кишвари ҷаҳон амал мекарданд, ҳаҷми умумии низоми молиявии исломӣ тақрибан 4 триллион долларро ташкил медод, тибқи маълумоти The Islamic Corporation for The Development of The Private Sector (ICD).

Дар ҷаҳони имрӯза, чунин ташкилотҳо суратҳисобҳои чекӣ ва пасандозӣ мекушоянд, маҳсулотро барои маблағгузорӣ таъмин мекунанд, барои пардохтҳо, интиқолҳо, ва хазинадорӣ имконият фароҳам меоранд ва инчунин ба соҳаҳои воқеии иқтисодиет: истеҳсолот, савдо, кишоварзӣ сармоягузорӣ мекунанд.

Мисли бонкҳои анъанавӣ, ташкилотҳои исломӣ системаи пардохти миллиро таъмин мекунанд ва ҳамчун миенаравҳои молиявӣ амал мекунанд.

Принсипҳои бонкдории исломӣ

Бонкдории исломиро инчунин маблағгузории шарикӣ меноманд, зеро он ба принсипи шарикии бонк асос ефтааст, ва мизоҷони ингуна бонкҳо дар шакли тақсими фоида ва зарар фаъолят мекунанд. Чунин ташкилотҳо тибқи қоидаҳои шариат тиҷоратро ба роҳ мондаанд:
  • пул ин воситаи мубодила ва ченаки арзиш аст, на манбаи даромад;
  • сармоягузорӣ танҳо ба дороиҳои моддӣ имконпазир аст, ки хавфҳои аз ҳад зиёд ва номуайяниро ба бор намеоранд;
  • ба ҷои даромад аз фоизи қарз, бонкҳои исломӣ дороиҳоро мустақилона мехаранд ва ба мизоҷон барои истифода ё ин ки ба моликият медиҳанд, ки, даромади бонкро ташкил медиҳад, хамчун мукофот тақдим мекунанд.

Дар низоми бонкдории исломӣ бонк пеш аз ҳама ба нигоҳдорӣ ва сармоягузории маблағҳо нигаронида шуда, дар раванди маблағгузорӣ ҳамчун савдогар баромад мекунад ва дар шакли саҳмия даромад мегирад. Консерватизми молияи исломӣ ба чунин бонкҳо имкон дод, ки дар бӯҳрони ипотекаи соли 2007 бидуни талафоти назаррас наҷот диҳанд. масалан, бонки исломии Британияи Кабир дар давраи бӯҳрон ҳаҷми пасандозҳоро 61% зиёд кард, дороиҳои он 51% афзоиш ёфт – бинобар он, ки бонк дар тавозуни худ дороиҳои хатарнок надошт.

Дар бонкдории исломӣ чӣ манъ карда шудааст

  • Даромад аз фоиз. Бонкдории исломӣ маҳсулоти анъанавии молиявиро бо фоиз таъмин намекунад, зеро ин амал фоиздиҳӣ (рибо) аст ва аз ҷониби шариат манъ карда шудааст.
  • Номуайянӣ нисбат ба мавзӯи шартнома ва шартҳои он, зиед шудани хавф (гарар). Масалан, амалиетҳое ки аз молияҳо ҳосилшуданд, мавқеъҳои кӯтоҳро дар бозори саҳҳомӣ мегиранд ва маҳдудияти молиявиро ҳам ба бор меоранд, дар баъзе минтақаҳо муомилоти криптаасъорҳо ҳам манъ карда шудааст.
  • Фоида дар натиҷаи омезиши тасодуфии ҳолатҳо (майсир): қиморбозӣ, букмекерӣ - яъне рафтори спекулиятиви дар бозорҳои молиявӣ манъ аст.
  • Маблағгузории фаъолиятҳое, ки шариат манъ кардааст: қиморбозӣ, истеҳсоли гӯшти хук, нӯшокиҳои спиртӣ, маводи мухаддир, тамоку, силоҳ, фаҳш (ҳаром).
  • Азхудкунии молу мулки бегона.
  • Фурӯши қарз, ба монанди савдои бозории вомбаргҳо.

Бонкдории исломӣ чӣ гуна фаъолияти худро ба роҳ мемонад

Ташкилотҳои қарзӣ барои мусулмонон маҳсулоти нави бонкӣ ё сармоягузорӣ дар асоси стандартҳои шариат ва AAOIFI бо назардошти хусусиятҳои динӣ пешниҳод мекунанд.

Мушарака (корхонаи муштарак)

Якчанд сармоягузор маблағҳоро ба бонк интиқол медиҳанд, ки онҳоро дар лоиҳаи интихобшуда ба ҷои фоизи муомилот ба як қисми фоида сармоягузорӣ мекунанд. Андозаи ҳисса аз саҳми ҳар як иштирокчии инфиродӣ дар лоиҳаи маблағгузорӣ ва хароҷоти он вобаста аст, зарар инчунин мутаносибан байни ҳамаи иштирокчиёни муомилот тақсим карда мешавад.

Мурабаха (ипотекаи исломӣ)

Алтернативаи қарзи анъанави, шартномаи тичоратии байни бонк ва муштари, хангоми хариди махсулоти муайяни бонк барои бозфуруши минбаъда ва даромад дар шакли маблаги мукарраршуда: иловапулихо барои ташкил ва гузаронидани муомилот, инчунин ҳамчун хароҷоти сарфшуда. Дар доираи ипотекаи исломӣ, бонк барои муштарӣ хонаеро харидорӣ мекунад, ки то пардохти қарз ва мукофот дар гарав боқӣ монад.

Мудараба (пасандози исломӣ)

Фоида аз лоиҳаи муштарак дар байни бонк ва муштарӣ мувофиқи шартҳои шартнома тақсим карда мешавад - ин воситаи даромади ғайрифаъол ба ҷои пасандозҳои анъанавӣ мебошад. Муштарӣ намуди фаъолиятро интихоб мекунад ва бонк ба ҳалол будани сармоягузорӣ кафолат медиҳад. Дар ин ҳолат танҳо муштарӣ зарари молиро бар дӯш мегирад.

Кард ал-ҳасан (қарзи бефоиз)

Шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ метавонад аз бонк бидуни фоиз қарз гирад, бо шарти сари вақт баргардонидани қарз - масалан, барои татбиқи лоиҳаҳои аҳамияти иҷтимоӣ дошта . Мизоҷ маблағи изофӣро барои хизматрасонии бонки худаш муайян мекунад, онро хиба меноманд.

Бей-би-силаа (муҳлатдиҳи- рассрочка)

Харидор пулро барои мол марҳила ба марҳила медиҳад, чунин шакли хизматрасони ба таври муҳлатдиҳи (рассрочка) монанди дорад ба бонкҳои анъанавӣ.

Иджара (лизинги исломӣ)

Молу мулке, ки ба бонк тааллуқ дорад, барои истифодаи муваққатӣ ба шахси дигар ба ивази пардохти иҷора ба ҷои пардохти фоизҳо, ба монанди лизинги анъанавӣ дода мешавад.

Молу мулки ба иҷора додашуда дар моликияти лизингдеҳ боқӣ мемонад, аммо муштарӣ метавонад онро харидорӣ кунад, агар созишномаи махсуси иджара ва-иктина баста шуда бошад.

Сукук (коғазҳои қиматноки исломӣ)

Дар ислом, шумо метавонед ба коғазҳои қиматнок сармоягузорӣ кунед, ки вомбаргҳои бефоиз барои активҳои муайяни моддӣ мебошанд ва эмитентҳои онҳо низ дар ин дороиҳо саҳм доранд. Даромади чунин вомбаргҳо аз фоидаи активи асосӣ вобаста аст. Сармоягузор метавонад активҳоро бо арзиши муқарраршуда фурӯшад, ки ноустувории (волатильность) - камро таъмин мекунад.

Истисна (шартномаи таъмин кардани активҳо дар оянда)

Шартномаи хариду фурӯши активҳо, ки таъмини он дар оянда тибқи дархости мушаххас, ки хусусиятҳои молро нишон медиҳад, сурат мегирад.

Ба дигар маҳсулоти бонки исломӣ баи битаман аҷил (амалиёти ба таъхир андохтани пардохт), бай салом (пешпардохт), бай ул-иноҳ (фурӯш бо ҳуқуқи бозпардохт), вадия (нигаҳдории сарватҳо дар бонк), такафул (исломӣ) мебошанд. суғурта)

Ба маҳсулоти дигари бонки исломӣ бай битхаман аджил ( батаври таъхир пардохти шартнома), бай салям (пардохти пешакӣ-аванс), ), бай уль-ина (фурӯш бо ҳуқуқи харид), вадиа (нигоҳдории арзишҳо дар бонк), такафул (суғуртаи исломӣ) дохил мешаванд.

Бонкдории исломӣ Дар Русия

Қонуни танзими бонкдории исломӣ, ки аз ҷониби президент имзо шудааст, маҳдудиятҳои ҳуқуқиро барои ташкилотҳои қарзӣ бо мақсади риояи меъерҳои шариат бартараф кард. Пештар бонкҳо наметавонистанд фаъолияти тиҷоратиро амалӣ кунанд, ки дар бонкдории исломӣ хидматҳои даромади фоизиро иваз мекунад ва имкон медиҳад, ки аз фаъолият дар бозори молиявӣ бо риояи меъерҳои шариат даромад ба даст орад. Ҳоло, барои чор минтақае, ки то 1 сентябри соли 2025 санҷиш баргузор мешавад, қоидаҳои кор ва риояи қонунгузорӣ, талабот ба сармоя, саҳмдорон ва мақомоти идоракунӣ муайян карда шудаанд.

Иштирок дар татбиқи принсипҳои бонкдории исломӣ ихтиерӣ хоҳад буд: қоидаҳои нав ҳуқуқи сармоягузоронро барои истифодаи воситаҳои анъанавии молиявӣ маҳдуд намекунанд. Дар санҷиш 14 ширкат азҷумла, Тотористон, Доғистон, Чеченистон ва Башкирия иштирок карданро ба нақша гирфтанд, ки 12 — тои онҳо ташкилотҳои ғайримолиявӣ мебошанд, ки берун аз майдони танзим ва назорати Бонки Русия қарор доранд, гуфт муовини аввали раиси Бонки Марказӣ Владимир Чистюхин. Иҷрои қонун ба Русия имкон медиҳад, ки аз 11 миллиард то 14 миллиард долларо бо лоиҳаҳои муштарак аз кишварҳои исломӣ ҷалб кард , изҳор дошт раиси кумитаи Думаи Давлатӣ оид ба бозори молиявӣ Анатолий Аксаков.

«Дар баробари ин ба воридшавии сармояҳо,ва ин чунин гузоштани сармоя ба лоиҳаҳои гуногун аз тарафи Туркия, Эрон, ва кишварҳои Осиё, ки ба дини ислом пайравӣ мекунанд, мо ин давлатҳои зикршударо ба ҳисоб гирифтаем», - гуфт Аксаков.
Маблағгузории шарикӣ тавассути:
  • додани қарзҳои пулӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бидуни гирифтани мукофот;
  • маблағгузории онҳо ба сифати миёнарави савдо тавассути бастани шартномаҳои хариду фурӯш бо шарти пардохти батаъхиргузори (рассрочка) е шартномаҳои иҷораи молиявӣ (лизинг);
  • маблағгузории фаъолияти истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ тавассути иштирок дар сармояи оинномавии шахсони ҳуқуқӣ ва (ё) шартҳои шарикӣ;
  • таъмини кафил
Мо ба ҳама гуна масъалаи манзил кӯмак мекунем!
Занг (маслихати ройгон):
+7 (965) 311-53-51, +7 (926) 826-08-22

Биёед:
109316, Москва, Волгоградский проспект, бинои 28\1, ошёнаи 2, офиси 238